Рубоиёти Умари Хайёми Нишопурӣ | zarowadk.ru
![](/wp-content/uploads/umari-hajem_0.jpg)
Умари Хайёми Нишопурӣ
(1048 — 1131)
<0> Ба пеш →
Шумори рубоиёти Умари Хайёми Нишопурӣ (1048-1131) – ро наметавон бозрасӣ кард. Дар дарозои таърихи шеъри форсӣ рубоиёти зиёдеро ба ӯ нисбат додаанд. Аммо он миқдореро, ки муҳаққиқон баргузидаанд, на бештар, балки камтар аз 200 рубоӣ аст.
Аммо мо кӯшидем, то ки он миқдор рубоиҳои Умари Хайёмро, ки солҳои охир дар кишварамон ба нашр расидаанд, ба шумо пешкаш намоем. Ғайр аз ин, бо тасмими банда, бори нахуст дар Торхона, матни аслии бештари рубоиҳо бо тарҷумаи русиашон нашр мегардад.
Уважаемые читатели. Вам впервые предлагается наиболее полное собрание четверостиший Омара Хайяма в оригинале – на таджикском языке (фарси на кириллице). Одновременно, мною впервой в Интернете опубликуются тексты большинства оригинальных рубаи с русским переводом. Перевод в свое время был осуществлен известными советскими переводчиками.
А
Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?!
Давомаш…
Аз омаданам набуд гардунро суд
В-аз рафтани ман ҷалолу ҷоҳаш нафузуд.
В-аз ҳеҷ касе низ ду гӯшам нашунуд,
К-омадану рафтанам аз баҳри чӣ буд.
Давомаш…
Аз ҳодисаи замони зоянда матарс,
В-аз ҳар чӣ расад, чу нест поянда, матарс.
Ин як дами нақдро ғанимат медон,
В-аз рафта маяндешу зи оянда матарс.
Давомаш…
Акнун, ки зи хушдилӣ ба ҷуз ном намонд,
Як ҳамдами пухта ҷуз майи хом намонд.
Дасти тараб аз соғари май бозмагир,
Имрӯз, ки дар даст ба ҷуз ҷом намонд.
Давомаш…
Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯйи ману ту,
Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.
Афсӯс, ки номаи ҷавонӣ тай шуд,
В-он тозабаҳори зиндагонӣ дай шуд.
Он мурғи тараб, ки номи ӯ буд шабоб,
Фарёд, надонам, ки кай омад, кай шуд.
Давомаш…
Б
Бар кӯзагаре парер кардам гузаре,
К-аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.
Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре,
Хоки падарон бар кафи ҳар кӯзагаре.
Давомаш…
Бархезу махӯр ғами ҷаҳони гузарон,
Хуш бошу даме ба шодмонӣ гузарон.
Дар табъи ҷаҳон агар вафое будӣ,
Навбат ба ту худ наёмадӣ аз дигарон.
Давомаш…
Бингар, зи сабо домани гул чок шуда,
Булбул зи ҷамоли гул тарабнок шуда.
Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул,
Аз хок баромадасту бар хок шуда.
Давомаш…
Бо мардуми покбозу оқил омез,
Аз ноаҳлон ҳазор фарсанг гурез.
Гар заҳр диҳад туро хирадманд, бинӯш,
В-ар нӯш диҳад зи дасти ноаҳл, бирез.
Давомаш…
В
Вақт аст, ки аз сабза ҷаҳон ороянд,
Мӯсосифатон зи шох каф бинмоянд.
Исосифатон зи хок берун оянд,
В-аз чашми саҳоб чашмаҳо бикшоянд.
Давомаш…
Г
Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.
Давомаш…
Гардун камаре зи умри фарсудаи мост,
Ҷайҳун асаре зи чашми полудаи мост.
Дӯзах шараре зи ранҷи беҳудаи мост,
Фирдавс даме зи вақти осудаи мост.
Давомаш…
Гаҳ шурбати айши соф бошад, гаҳ дурд,
Гаҳ пӯшиши мо палос бошад, гаҳ бурд.
Инҳо ҳама саҳл аст ба назди оқил,
Ин воқеа саҳл аст, ки мебояд мурд.
Давомаш…
Гӯянд маро, биҳишт бо ҳур хуш аст,
Ман мегӯям, ки оби ангур хуш аст.
Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор,
К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст.
Давомаш…
Д
Дар даҳр касе ба гулъузоре нарасид,
То бар дилаш аз замона хоре нарасид.
Дар шона нигар, ки то ба сад шох нашуд,
Дасташ ба сари зулфи нигоре нарасид.
Давомаш…
Дар ҳикмат агар Арастую Ҷамҳурӣ,
Дар қудрат агар Қайсару Фағфурӣ,
Май нӯш зи ҷоми Ҷам, ки гӯр охири кор,
Гар Баҳромӣ, ки оқибат дар гӯрӣ.
Давомаш…
Дил гуфт: «Маро илми ладуннӣ ҳавас аст,
Таълим бикун, агар туро дастрас аст».
Гуфтам, ки : «Алиф», гуфт: «Дигар ҳеҷ магӯ,
Дар хона агар кас аст, як ҳарф бас аст».
Давомаш…
Донӣ, ки сапедадам хурӯси саҳарӣ,
Ҳар лаҳза чаро ҳамекунад навҳагарӣ?
Яъне, ки намуданд дар оинаи субҳ,
К-аз умр шабе гузашту ту бехабарӣ.
Давомаш…
Дунё дидиву ҳар чӣ дидӣ, ҳеҷ аст,
В-он низ, ки гуфтиву шунидӣ, ҳеҷ аст.
Сар то сари офоқ давидӣ, ҳеҷ аст,
В-он низ, ки дар хона хазидӣ, ҳеҷ аст.
Давомаш…
Ё
Ё Раб, ту гилам сириштаӣ, ман чӣ кунам?
Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чӣ кунам?
Ҳар неку баде, ки ояд аз ман ба вуҷуд,
Ту бар сари ман навиштаӣ, ман чӣ кунам?
Давомаш…
З
З-ин гунбади гарданда бадафъолӣ бин,
В-аз рафтани дӯстон ҷаҳон холӣ бин.
То битвонӣ, ту як нафас худро бош,
Фардо маталаб, дӣ манигар, ҳолӣ бин!
Давомаш…
З-он май, ки шароби ҷовидонист, бихӯр,
Сармояи айши инҷаҳонист, бихӯр.
Сӯзанда чу оташ аст, лекин ғамро,
Бурранда чу оби зиндагонист, бихӯр.
Давомаш…
И
Ибриқи майи маро шикастӣ, Раббӣ,
Бар ман дари айшро бубастӣ, Раббӣ.
Бар хок бирехтӣ майи ноби маро,
Хокам ба даҳан, магар ту мастӣ, Раббӣ?
Давомаш…
Имрӯз, ки мавсими ҷавонии ман аст,
Май хоҳам аз он ки шодмонии ман аст.
Айбам макунед, агарчи талх аст, хуш аст,
Талх аст аз он ки зиндагонии ман аст.
Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст,
Дар банди сари зулфи нигоре будаст.
Ин даста, ки дар гардани ӯ мебинӣ,
Дастест, ки бар гардани ёре будаст.
Давомаш…
Ишқе, ки маҷозӣ бувад, обаш набувад,
Чун оташи ниммурда тобаш набувад.
Ошиқ бояд, ки моҳу солу шабу рӯз
Орому қарору хӯрду хобаш набувад.
Давомаш…
К
Кас мушкили асрори аҷалро накушод,
Кас як қадам аз ниҳод берун наниҳод.
Ман менигарам зи мубтадӣ то устод,
Аҷз аст ба дасти ҳар кӣ аз модар зод.
Давомаш…
Қавме зи газоф дар ғурур афтоданд,
В-андар талаби ҳуру қусур афтоданд.
Маълум шавад, чу пардаҳо бардоранд,
К-аз кӯйи ту дуру дуру дур афтоданд.
Давомаш…
М
Май хӯрдани ман на аз барои тараб аст,
Н-аз баҳри фасоду тарки дину адаб аст.
Хоҳам, ки зи бехудӣ барорам нафасе,
Май хӯрдану маст буданам з-ин сабаб аст.
Ман бандаи осиям, ризои ту куҷост?
Торикдилам, нуру сафои ту куҷост?
Моро ту биҳишт агар ба тоат бахшӣ,
Ин музд бувад, лутфу атои ту куҷост?
Давомаш…
Мо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз,
Аз рӯйи ҳақиқате, на аз рӯйи маҷоз.
Бозӣ чӣ ҳамекунем бар натъи вуҷуд?
Афтем ба сандуқи адам як-як боз.
Давомаш…
Н
Нек аст ба номи нек машҳур шудан,
Ор аст зи ҷаври чарх ранҷур шудан.
Хаммор ба бӯйи оби ангур шудан,
Беҳ з-он ки ба зӯҳди хеш мағрур шудан.
Давомаш…
Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ!
В-он кас, ки гунаҳ накард, чун зист? Бигӯ!
Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,
Пас, фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!
Давомаш…
О
Он беҳ, ки ба ҷоми бода дил шод кунем,
В-аз омадаву гузашта кам ёд кунем.
В-ин ориятӣ равони зиндониро
Як лаҳза зи банди ақл озод кунем.
Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд,
Дар ҷамъи камол шамъи асҳоб шуданд.
Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,
Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.
Давомаш…
Онро, ки вуқуф аст бар аҳволи ҷаҳон,
Шодиву ғаму ранҷ бар ӯ шуд яксон.
Чун неку бади ҷаҳон ба сар хоҳад шуд,
Хоҳӣ ту ба дард бошу хоҳӣ дармон.
Давомаш…
Онҳо, ки ба кори ақл дармекӯшанд,
Беҳуда бувад, ки гови нар медӯшанд.
Он беҳ, ки либоси аблаҳӣ дарпӯшанд,
К-имрӯз ба ақл тарра мебифрӯшанд.
Давомаш…
П
Пайваста зи гардиши фалак ғамгинам,
Бо табъи хасиси хештан дар кинам.
Илме на, ки аз сари ҷаҳон бархезам,
Аҳле на, ки фориғ зи ҷаҳон биншинам.
Давомаш…
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак низ ба коре будаст.
Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.
Р
Рӯзе, ки гузаштаст, аз ӯ ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,
Ҳолӣ хуш бошу умр барбод макун.
Давомаш…
С
Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст,
Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст.
Май нӯшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ,
Гул хок шудасту сабза хошок шудаст.
Давомаш…
Т
Тан дар ғами рӯзгори бедод мадеҳ,
Ҷонро зи ғами гузаштагон ёд мадеҳ.
Дил ҷуз ба шакарлаби паризод мадеҳ,
Бе бода мабошу умр барбод мадеҳ.
Давомаш…
Таркиби табоеъ чу ба коми ту дамест,
Рав, шод бизӣ, агарчи бар ту ситамест.
Бо аҳли хирад бош, ки асли тани ту,
Гардеву насимеву шарореву дамест.
Давомаш…
То битвонӣ, ранҷа магардон касро,
Бар оташи хашми хеш маяфшон касро.ю
Гар роҳати ҷовидон тамаъ медорӣ,
Меранҷ ҳамешаву маранҷон касро.
То дар тани туст устухону рагу пай,
Аз хонаи тақдир манеҳ берун пай.
Гардан манеҳ, ар хасм бувад Рустами Зол,
Миннат макаш, ар дӯст бувад Ҳотами Той.
Давомаш…
То кай ғами он хӯрам, ки дорам ё на?
В-ин умр ба хушдилӣ гузорам ё на?
Пур кун қадаҳи бода, ки маълумам нест,
К-ин дам, ки фурӯ барам, барорам ё на.
Давомаш…
То чанд асири рангу бӯ хоҳӣ шуд,
Чанд аз пайи ҳар зишту наку хоҳӣ шуд?
Гар чашмаи Замзамӣ в-агар оби ҳаёт,
Охир ба дили хок фурӯ хоҳӣ шуд.
Давомаш…
У
Умрат чи дусад бувад, чи сесад, чи ҳазор,
З-ин кӯҳнасаро бурун барандат ночор.
Гар подшаҳию гар гадои бозор,
Ин ҳар ду ба як нарх бувад охири кор.
Давомаш…
Х
Хайём, зи баҳри гунаҳ ин мотам чист?
В-аз хӯрдани ғам фоида бешу кам чист?
Онро, ки гунаҳ накард, ғуфрон набувад,
Давомаш…
Хоҳӣ, ки писандидаи айём шавӣ,
Мақбули қабули хосаву ом шавӣ,
Андар пайи мӯъмину ҷуҳуду порсо
Бадгӯй мабош, то накуном шавӣ.
Давомаш…
Хуршеди сипеҳри лоязолӣ ишқ аст,
Мурғи чамани хуҷастафолӣ ишқ аст.
Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,
Ҳар гаҳ ки бимириву нанолӣ, ишқ аст.
Давомаш…
Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд,
Бар чарх қирони ахтарон хоҳад буд.
Хиште, ки зи қолаби ту хоҳанд задан,
Айвони саройи дигарон хоҳад буд.
Давомаш…
Ҳ
Ҳангоми гул аст, ихтиёре бикунам,
В-он гаҳ ба хилофи шаръ коре бикунам.
Бо сабзхатони лоларух рӯзе чанд
Бар сабза зи ҷуръа лолазоре бикунам.
Давомаш…
Ҳаргиз ба тараб шарбати обе нахӯрем,
То аз кафи андӯҳ шаробе нахӯрем.
Ноне назанем дар намак ҳеҷ гаҳе,
То аз ҷигари хеш кабобе нахӯрем.
Давомаш…
Ҳарчанд, ки рангу рӯйи зебост маро,
Чун лола руху чу сарв болост маро,
Маълум нашуд, ки дар тарабхонаи хок,
Наққоши азал баҳри чӣ орост маро.
Давомаш…
Ҳон, то наниҳӣ бар тани худ ғуссаву дард,
То ҷамъ кунӣ сими сафеду зари зард.
З-он пеш, ки гардад нафаси гарми ту сард,
Бо дӯст бихӯр, ки душманат хоҳад хӯрд.
Давомаш…
Ч
Чандон караму лутф зи оғоз чӣ буд?
В-он доштанам дар тарабу ноз чӣ буд?
Акнун ҳама дар ранҷи дилам мекӯшӣ,
Охир, чӣ гуноҳ кардаам, боз чӣ буд?
Давомаш…
Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун аҳд дуруст.
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.
Давомаш…
Чун огаҳӣ, эй дӯст, зи ҳар асроре,
Чандин чӣ хӯрӣ ба беҳуда теморе?
Чун менаравад ба ихтиёрат коре,
Хуш бош дар ин нафас, ки ҳастӣ боре.
Давомаш…
Э
Эй бас, ки набошему ҷаҳон хоҳад буд,
Не ном зи мову не нишон хоҳад буд.
З-ин пеш набудему набуд ҳеҷ халал,
З-ин пас чу набошем, ҳамон хоҳад буд.
Давомаш…
Эй гашта шабу рӯз ба дунё нигарон,
Андеша намекунӣ ту аз рӯзи гарон.
Охир нафасе бубину бозой ба худ,
К-айём чӣ гуна мекунад бо дигарон.
Давомаш…
Эй дил, зи ғубори ҷисм агар пок шавӣ,
Ту рӯҳи муҷаррадӣ, бар афлок шавӣ.
Арш аст нишемани ту, шармат бодо,
К-оию муқими хиттаи хок шавӣ.
Давомаш…
Эй он, ки натиҷаи чаҳору ҳафтӣ,
Дар ҳафту чаҳор доим андар тафтӣ.
Май хӯр, ки ҳазор бор бешат гуфтам,
Бозомаданат нест, чу рафтӣ, рафтӣ.
Давомаш…
Эй чарх, дилам ҳамеша ғамнок кунӣ,
Пироҳани хуррамии ман чок кунӣ.
Боде, ки расад ба ман, туаш об кунӣ,
Обе, ки хӯрам, дар даҳанам хок кунӣ.
Давомаш…
Я
Як нон ба ду рӯз агар бувад ҳосили мард,
В-аз кӯзашикастае даме обе сард.
Махдуми кам аз худе чаро бояд буд,
Ё хидмати чун худе чаро бояд кард?
Давомаш…
Навиштаҳои дигар
zarowadk.ru
УМАРИ ХАЙЁМ — Забон ва Адабиёт —
Умари Хайём (форсӣ:عمرخیام) — шоири адабиёти классикии форсу тоҷик. Бар замми ин ӯ риёзидон ва астрономи бузург низ мебошад. Умари Хайёмро дар адабиёти ҷаҳон рубоиёташ машҳур гардонидааст.
Тарҷумаи ҳол
Хайём дар кўдакӣ бо Низомулмулк ва Ҳасани Саббоҳ ҳаммадраса будааст. Аз руи толеъномаи Умари Хайём хисоб карда шудааст, ки у 18 майи соли 1048 дар шахри Нишопур таваллуд шудааст. Нишопур яке аз шахрхои асосии саньати Эрон буда, дар вилояти Хуросон чойгир шудааст. Солхои кудаки ва наврасии Умари Хайём (1048-1066 с.) дар Нишопур гузаштааст. Умари Хайём аввал дар мадрасаи Нишопур, ки дар он вакт шухрати калон дошт, машгули илм гашта ва баьдан тахсили худро (1066-1047с.) дар Балх, Самарканд ва Бухоро давом додааст. Умари Хайём илмхои дакик, аз чумла алчабр, хандаса, хайъат, астрономия ва фалсафаро ба хуби омухтааст. Куръон, таьрих, хукукшиноси ва гайрахоро аз бар намуда, забони араби ва адабиёти арабиро хуби медонист. Махорати шеьрнависии баланд дошт. Умари Хайём астрология ва тибро низ омухта, аз нозукихои санъати мусики низ огахи доштааст. У асархои файласуфони кадими Архимед, Евклид, Аристотелро ба забони араби тарчума намудааст. Хайём Курьонро на факат аз ёд медонист, балки хар як ояти онро эзох дода метавонист. Яке аз самтхои асосии фаъолияти у дар сохаи такмил ва ривочи масъалахои математики зохир мешавад. Ихтирои аввалини у дар 25 солаги сурат гирифта буд. Дастоварди илмиаш «Трактат» дар бораи илми алчабр ва алмукабала, ки дар Самарканд таълиф намуда буд, номи Умари Хайёмро хамчун олим шухрат бахшид. Фаъолияти илмии Умари Хайём дар Бухоро (дар дарбори шахзодаи Хокон Шамс Алмулк ) огоз меёбад. Соли 1074 Умари Хайём ба дарбори шох Малик, ки дар шахри Исфахон аст, даъват карда шуда буд. Умари Хайёмро барои идора кардани обсерваторияи дарбор даъват карда буданд. Дар давоми 5 сол Умари Хайём бо хамрохии олимони дарбор дар обсерватория назорат бурданд ва мохи марти соли 1079 таквими нав ихтироъ карданд, ки аз таквими пешина 7 сония аниктар буд. Дар Исфахон дар дарбори шох Малик Умари Хайём бо математика шугл меварзид. Дар охири соли 1077 рисолаи илмиашро аз геометрия ба охир расонд. Соли 1080 аввалин рисолаи фалсафии Умари Хайём доир ба мохияти умр ва хаёт таълиф гардид. Соли 1092 баъди фавти шох Малик лахзахои осоиштаи умри Умари Хайём хам ба охир расид. Дар дарбори Турканхотун зани шох Малик Умари Хайём ягон дастгири намедид. Обсерватория пушида шуд. Пойтахти давлат аз Хуросон ба шахри Марв кучонида шуд. Умари Хайём ба Нишопур баргашт ва дар он чо то охири умри худ зиндагони кард. Хайём дар мадрасаи Нишопур машгули мударриси гардид. Дар он чо хам корхои илмии худро давом дода, Рисола «Дар бораи саньати муайян кардани микдори тилло ва нукра дар моеъхо»-ро навиштааст. Солхои охири хаёти Умари Хайём бисёр хам вазнин буданд. Умари Хаём на танхо чун олим ва файласуфи тавоно, балки хамчун шоири озодандеш ва дакикбаён дар миёни мардум ва ахли сухан шухрат ёфта буд. Бино ба маълумоти сарчашмахо Умари Хайём дар пиронсолаги ба зиёрати Маккаву Мадина мушарраф гаштааст. Баъди бозгашт аз хач дар яке аз дехахои Нишопур чой гирифта, то охири умр он чо мондааст. Аз руи маълумоти маъхазхои адабии асрхои миёна Умари Хайём оиладор набуда, фарзанд надоштааст. Хайём зиндагии факирона гузаронида, чоруми декабри соли 1131 аз олам чашм мепушад. Холо маркади Умари Хайём аз зеботарин мавзеъхо дар Нишопур ба хисоб рафта, зиёратгохи ахли хунар ва дустдорону алокамандони шеъри порси ва каломи мавзун мебошад. Дар сари кабри шоир макбарае барчост, ки хамеша гулафшону озода аст.
Дар солҳои ҷавонӣ шоир вақти худро бештар 6а омӯхтани илмҳои ҳандаса, тиб, фалсафа, риёзиёт, адабиёт ва ғайраҳо сарф кардааст,
Шоир соли 1095 ба Арабистон меравад. Соли 1112 6а ватанаш &mdash Нишопур баргашта, соли 1131 вафот кардааст.
Фаъолияти илмӣ
Хайём олими барҷаста ва ҳакиме ошно ба дину фалсафа буд. Ӯ дар осори мансури худ шинохти табиат ва алоқаи табиатро бо дину дунё матраҳ месозад. Таълифоти вай зиёд нест ва аз чанд рисола иборат аст. Аз ҷумла рисолае дар алгебра, рисолае дар вуҷуд, мухтасаре дар табииёт, рисолаи "Лавозиму-л-амкина&rdquo, рисола дар кавну таклиф, "Наврўзнома&rdquo ва теъдоди дигар, ки баъзе аз ин расоилро мансуб ба ў донистаанд. Дар тартиб додани Зиҷи Маликшоҳӣ низ Хайём нақши бузурге доштааст.
"Мушкилоталхисоб(Мушкилоти арифметика)&rdquo, Асари арифметики, соли 1066-1074 навишта шудааст ва он ёфт нашудааст.
"Рисола фил барахин ала масайил алчабр вал мукобила (асар оиди хал намудани масъалахои алгебра&rdquo, асари илми алгебра, соли 1069 навишта шудааст, холо дастхатхо дар Париж, Лейден, Лондон, Ню-Йорк мебошанд.
Мероси адабӣ
Аз мероси адабии Хайём, ғайр аз таълифоти илмиаш боз шеърҳои ба ду забон навиштаи ӯ боқӣ мондаанд. Аз шеърҳои ба забони арабӣ навиштаи шоир фақат 5 қитъа то давраи мо омада расидаанд. Аз шеърҳои тоҷикиаш бошад, дар баъзе маъхазҳо 172 ва дар баъзеи дигар 252 рубоӣ зикр ёфтааст.
Ба Хайём асарҳои назарияи мусиқӣ, физика, ҷуғгрофия ва ҷадвалҳои астрономӣ низ тааллуқ доранд. Ҳамчунин дар соҳаи тиб дастовардҳои илмӣ ва назарии ӯро низ дар назар бояд дошт, ки қисман дар «Наврӯзнома» зикр гаштааст. Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик номи Умари Хайём бо инкишоф ва ривоҷи анъанаи рубоисароӣ сахт тавъам аст. Бо баробари таълифи осори илмӣ, ӯ ҳамчун шоири маҳбуб ва рубоисарои беҳамто шӯҳрат ёфта, дар эҷоди жанри хурди лирикӣ тавонотарин шоир махсуб мегардад. Мавзӯи рубоиёти Хайём гуногун буда, аксаран афкори фалсафӣ ва мушоҳидаҳои ӯро нисбати ҳаёт ва иҷтимоъ дар бар мегиранд
Бар кузагаре парер кардам гузаре,
Аз хок хаменамуд хар дам хунаре,
Ман дидам, агар надид хар бебасаре,
Хоки падарон бар кафи хар кузагаре.
Масъалаи ишқу ошиқи ва ҳаётдустиву баҳравар гаштан аз неъматҳои дунё дар рубоиёти Хайём мақоми воло доранд. Хайём хар лаҳза ва ҳар соати умрро ғанимат мешуморад ва барои хушу гуворо гузаронидани умр такозо менамояд:
Гар як нафасат зи зиндагони гузарад,
Магзор, ки чуз ба шодмони гузарад.
Зинхор, ки сармояи ин умри чахон,
Умр аст, бад-он сон гузарони, гузарад.
*****************************************************
Рузе, ки гузаштааст, аз у ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Аз н-омадаву гузашта фарёд макун,
Холи хуш бошу умр барбод макун.
Шоир якумр дар орзуи чомеаи хаёли ва афсонавие буд, ки дар он хама мардумон шодком бошанд ва гаму андух яксара аз олам бардошта гардад. Дунёи идеали, ки у тасаввур мекард, танхо аз хушбахтиву нишот иборат буда, ноадолативу бебарорихо дар он чой надошт. Дар ин рубоии Хайём орзуву ормони тамоми мардумони руи олам тачассум ёфтаанд:
Гар даст бар лавхи казо доштаме,
Бар майлу муроди хеш бингоштаме.
Гамро зи чахон яксара бардоштаме,
В-аз шодди сар бар чарх афроштаме.
Дар рубоихои Хайём маънои мачози низ вучуд дорад, ки онро хонанда метавонад ба тарзи худ фахмад: ин мухаббат нисбати Офаридгор ва мехри бепоён нисбати инсон аст.
Аз сирри нухуфтаат хабар хохам кард,
В-онро ба ду харф мухтасар хохам кард.
Бо ишки ту дар хок фуру хохам шуд
В-аз мехри ту сар зи хок бар хохам кард.
Инсон ба Кахкашон шабохат дорад, имкониятхои у ба мисли сипехр бепоён аст:
Моем, ки асли шодиву кони гамем,
Сармояи додему ниходи ситамем,
Пастеву баландему камолему камем,
Оинаи зангхурдаву чоми Ҷамем.
Дар нихояти сухан гуфтанием, ки тамоми рубоиёти Умари Хайём нишони ифтихор нисбати кувваи бузурги инсон ва муборизаи у алайхи беадалотихост:
Гар бар фалакам даст буди чун Яздон.
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён,
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расиди осон.
7tutor.ru
Рубоиёти Умари Хайём бо ҳарфи М — Донишхона
Май бар кафи ман неҳу баровар ғулғул,
Бо нолаи андалебу савти булбул.
Бе нағма агар раво будӣ май хӯрдан,
Май аз сари шиша менакардӣ қул-қул.
Май гарчи ҳаром аст, вале то кӣ хӯрад,
В-он гоҳ чӣ миқдору дигар бо кӣ хӯрад.
Ҳар гоҳ, ки ин се шарт шуд рост, бигӯ:
Гар май нахӯрад мардуми доно, кӣ хӯрад?
Май, гарчи ҳаром аст, мудомаш менӯш,
Бо нағмаву чанг субҳу шомаш менӯш.
Ҷоме зи майи лаъл гарат даст диҳад,
Як қатра раҳо куну тамомаш менӯш.
Май дар кафи ман неҳ, ки дилам дар хоб аст
В-ин умри гурезпой чун симоб аст.
Бархез, ки бедории давлат хоб аст,
Дарёб, ки оташи ҷавонӣ об аст.
Май лаъли музоб асту суроҳӣ кон аст,
Ҷисм аст пиёлаву шаробаш ҷон аст.
Он ҷоми булӯрин, ки зи май хандон аст,
Ашкест, ки хуни дил дар ӯ пинҳон аст.
Май нӯш, ки умри ҷовидонӣ ин аст,
Худ ҳосилат аз даври ҷавонӣ ин аст.
Ҳангоми гулу бодаву ёрон сармаст,
Хуш бош даме, ки зиндагонӣ ин аст.
Май хӯр, ки ба зери гил басе хоҳӣ хуфт,
Бе мӯнису бе ҳарифу бе ҳамдаму ҷуфт.
Зинҳор, ба кас магӯ ту ин рози ниҳуфт,
Ҳар лолаи пажмурда нахоҳад бишкуфт.
Май хӯр, ки зи дил касрату қиллат бибарад,
В-андешаи ҳафтоду ду миллат бибарад.
Парҳез макун зи кимиёе, ки аз ӯ,
Як ман бихӯрӣ, ҳазор иллат бибарад.
Май хӯр, ки туро бехабар аз хеш кунад,
Хун дар дили душмани бадандеш кунад.
Ҳушёр будан чӣ суд дорад,
ҷуз он-к, З-андешаи поён дили ту реш кунад.
Май хӯрдани ман на аз барои тараб аст,
Н-аз баҳри фасоду тарки дину адаб аст.
Хоҳам, ки зи бехудӣ барорам нафасе,
Май хӯрдану маст буданам з-ин сабаб аст.
Май хӯрдану гирди некувон гардидан
Беҳ з-он ки ба зарқ зоҳидӣ варзидан.
Гар ошиқу маст дӯзахӣ хоҳад буд,
Пас, рӯйи биҳишт кас нахоҳад дидан.
Май хӯрдану шод будан оини ман аст,
Фориғ будан зи куфру дин дини ман аст.
Гуфтам ба арӯси даҳр: «Кобини ту чист?»
Гуфто: «Дили хуррами ту кобини ман аст».
Майлам ба шароби ноб бошад доим,
Гӯшам ба наю рубоб бошад доим.
Гар хоки маро кӯзагарон кӯза кунанд,
Он кӯза пур аз шароб бошад доим.
Майро, ки Хизр хуҷаста дорад посаш,
Ӯ оби ҳаёт асту манам Илёсаш.
Ман қути дилу қуввати рӯҳаш хонам,
Чун гуфт Худо «манофеу-лин-нос»-аш.
Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,
Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.
Ин доираи ҷаҳон чу ангуштарӣ аст,
Бе ҳеҷ шаке, нақши нигинаш моем.
Ман бандаи осиям, ризои ту куҷост?
Торикдилам, нуру сафои ту куҷост?
Моро ту биҳишт агар ба тоат бахшӣ,
Ин музд бувад, лутфу атои ту куҷост?
Ман бе майи ноб зистан натвонам,
Бе бода кашид бори тан натвонам.
Ман бандаи он дамам, ки соқӣ гӯяд:
«Як ҷоми дигар бигир!»-у ман натвонам.
Ман бода ба ҷоми якманӣ хоҳам кард,
Худро ба ду ҷоми май ғанӣ хоҳам кард.
Аввал се талоқи ақлу дин хоҳам дод,
Пас духтари разро ба занӣ хоҳам кард.
Ман бода хӯрам, валек мастӣ накунам,
Илло ба қадаҳ дароздастӣ накунам.
Донӣ, ғаразам зи майпарастӣ чӣ бувад?
То ҳамчу ту хештанпарастӣ накунам.
Ман дар Рамазон рӯза агар мехӯрдам,
То занн набарӣ, ки бохабар мехӯрдам.
Аз меҳнати рӯза рӯзи ман чун шаб буд,
Пиндошта будам, ки саҳар мехӯрдам.
Ман зоҳири нестиву ҳастӣ донам,
Ман ботини ҳар фарозу пастӣ донам.
Бо ин ҳама аз дониши худ шармам бод,
Гар мартабае варои мастӣ донам.
Ман май хӯраму мухолифон аз чапу рост,
Гӯянд: «Махӯр бода, ки динро аъдост».
Чун донистам, ки май адуи дин аст,
Валлоҳ, бихӯрам хуни адуро, ки равост.
Ман май хӯраму ҳар кӣ чу ман аҳл бувад,
Май хӯрдани ӯ назди Худо саҳл бувад.
Май хӯрдани ман Ҳақ аз азал медонист,
Гар ман нахӯрам, илми Худо ҷаҳл бувад.
Ман ҳеҷ надонам, ки маро он ки сиришт
Аз аҳли биҳишт кард ё дӯзахи зишт.
Ҷомеву бутеву барбате бар лаби кишт,
Ин хар се маро нақду туро нася биҳишт.
Маҳрам ҳастӣ, ки бо ту гӯям як дам,
К-аз аввали кор худ чӣ будаст одам.
Меҳнатзадае, сириштае аз гили ғам,
Якчанд ҷаҳон бихӯрду бардошт қадам.
Маҳтоб ба нур домани шаб бишкофт,
Май нӯш, даме беҳтар аз ин натвон ёфт.
Хуш бошу маяндеш, ки маҳтоб басе,
Андар сари хоки як ба як хоҳад тофт.
Маъшуқ, ки умраш чу ғамам бод дароз,
Имрӯз ба нав талаттуфе кард оғоз.
Бар чашми ман андохт даме чашму рафт,
Яъне ки: «накуӣ куну дар об андоз».
Мепурсидӣ, ки чист ин нақши маҷоз,
Гар баргӯям, ҳақиқаташ ҳаст дароз.
Нафсест падид омада аз дарёе,
В-он гоҳ шуда ба қаъри он дарё боз.
Мискин дили дардманди девонаи ман
Ҳушёр нашуд зи ишқи ҷононаи ман.
Рӯзе, ки шароби ошиқӣ медоданд,
Дар хуни ҷигар заданд паймонаи ман.
Мо афсари хону тоҷи Кай бифрӯшем,
Дастору қасаб ба бонги най бифрӯшем.
Тасбеҳ, ки пайки лашкари тазвир аст,
Ногоҳ ба як пиёла май бифрӯшем.
Мо бо маю маъшуқу шумо — дайру куништ,
Мо аҳли ҷаҳимему шумо аҳли биҳишт.
Тақсири ману ту аз азал чист? Бигӯй!
Наққош чунин ба лавҳи тақдир набишт.
Мо к-аз майи бехудӣ тарабнок шудем,
В-аз пояи дун бар сари афлок шудем.
Охир ҳама з-олойиши тан пок шудем,
Аз хок баромадему бар хок щудем.
Мо кофари ишқему мусалмон дигар аст,
Мо мӯри заифему Сулаймон дигар аст.
Аз мо рухи зарду ҷомаи кӯҳна талаб,
Бозорчаи қасабфурӯшон дигар аст.
Мо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз,
Аз рӯйи ҳақиқате, на аз рӯйи маҷоз.
Бозӣ чӣ ҳамекунем бар натъи вуҷуд?
Афтем ба сандуқи адам як-як боз.
Мо ошиқи ошуфтаву мастем имрӯз,
Дар кӯйи муғон бодапарастем имрӯз.
Аз ҳастии хештан ба куллӣ раста,
Пайваста ба меҳроби аластем имрӯз.
Мо хирқаи зӯҳд бар сари хум кардем,
В-аз хоки харобот таяммум кардем.
Бошад, ки зи хоки майкада дарёбем,
Он умр, ки дар мадрасаҳо гум кардем.
Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб,
Фориғ зи умеди раҳмату бими азоб,
Ҷону дилу ҷому ҷома дар раҳни шароб,
Озод зи хоку боду аз оташу об.
Мову маю маъшуқу сабӯҳ, эй соқӣ,
Аз мо набувад тавба насӯҳ, эй соқӣ.
То кай хонӣ қиссаи Нӯҳ, эй соқӣ,
Пеш ор сабук роҳати рӯҳ, эй соқӣ.
Моем, ки асли шодиву кони ғамем,
Сармояи додему ниҳоди ситамем.
Пастему баландему камолему камем,
Оинаи зангхӯрдаву ҷоми Ҷамем.
Моем ниҳода сар ба фармони шароб,
Ҷон карда фидои лаби хандони шароб.
Ҳам соқии мо ҳалқи суроҳӣ дар даст,
Ҳам бар лаби соғар омада ҷоми шароб.
Моем харидори майи кӯҳнаву нав,
В-он гоҳ фурӯшандаи олам ба ду ҷав.
Донӣ, ки пас аз марг куҷо хоҳӣ рафт,
Май пеши ман ору ҳар куҷо хоҳӣ рав.
Моему маю мутрибу ин кунҷи хароб,
Ҷону дилу ҷому ҷома пурдурди шароб,
Фориғ зи умеди раҳмату бими азоб,
Осуда зи боду хоку аз оташу об.
Моҳи Рамазон бирафту Шаввол омад,
Ҳангоми нишоту айши қаввол омад.
Омад гаҳи он, ки хикҳо андар дӯш
Гӯянд, ки «пушт-пушт, ҳаммол омад».
Мурғе дидам, нишаста бар бораи Тӯс,
Дар пеш ниҳода каллаи Кайковус,
Бо калла ҳамегуфт, ки: «Афсӯс, афсӯс!
Ку бонги ҷарасҳову куҷо нолаи кӯс?»
donishkhona.tj
Умари Хайём — Донишхона
Умар Хайёми Нишопурӣ (порсӣ: عُمَر خَیّام نیشابوری; 18 майи соли 1048, Нишопур — 4 декабри соли 1131[3], ҳамон ҷо) — ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири форсу тоҷик.
Зиндагинома
Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ зодаи 28 урдибиҳишти соли 427 ҳиҷрии шамсӣ (баробар бо 18 майи соли 1048 милодӣ) дар шаҳри Нишопури Эрон аст. Умари Хайём фиқҳро дар миёнсолӣ дар маҳзари Имом Муваффақи Нишопурӣ омӯхт. Ва низ улуми ҳадис, тафсир, фалсафа, ҳикмат ва нуҷум (ситорашиносӣ)-ро дар ҳамон авон фаро гирифт. Ва ба ин далел ба ӯ Хайём мегуфтанд, ки падараш ба шуғли хаймадӯзӣ машғул будааст.
Хайём аз бузургтарин донишмандони асри худ ба ҳисоб меомад ва дорои ҳуше фавқулода буда ва ҳофизае нерӯманд доштааст. Вай дар замони давлати Салҷуқиён зиндагӣ мекард, ки қаламрави ҳукумати онон аз Хуросон гирифта то Озарбойҷон ва кишварҳои Рум, Ироқ ва Яманро шомил мешуд.
Хайём дар улуми мухталиф китобҳои боарзише навиштааст. Ӯ дар замони худ дорои мақом ва шӯҳрате баланд будааст ва муосирони ӯ ва низ мутаъаххирон ҳама вайро ба лақабҳое чун: Ҳаким, Хоҷа, Имом, Файласуф, Ҳуҷҷатул-ҳақ, Шайхул-Имом, Ашшайхул-Аҷалл, Аллома, Қудватул-фазл (Улгуи фазилат), Султонул-уламо, Маликул-ҳукамо, Имоми Хуросон ва ғайра сутудаанд.
Хайём дар ҳудуди соли 449 таҳти ҳимоят ва сарпарастии Абутоҳир, қозиюлқузоти Самарқанд, китобе дар риёзиёт таҳти номи «Рисолатун фил-бароҳин ало масоилил-ҷабри вал-муқобала» (дар бораи муъодилоти дараҷаи сеюм) нигошт ва аз он ҷо, ки бо Хоҷа Низомулмулк робитаи некӯ дошт, ин китобро пас аз нигориш ба Хоҷа тақдим кард. Пас аз ин даврон, Хайём ба даъвати Султон Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазираш Низомулмулк ба Исфаҳон меравад, то сарпарастии расадхонаи Исфаҳонро ба ӯҳда бигирад. Ӯ 18 сол дар он ҷо муқим мешавад.
Дар ҳамин авон, муҳимтарин ва таъсиргузортарин асари риёзии худро бо номи «Рисолатун фи шарҳи мо ушкила мин мусодароти Иқлидус»-ро менависад ва дар он хутути мувозӣ ва назарияи нисбатҳоро шарҳ медиҳад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Хайём ҳангоме ки Султон Санҷар, писари Маликшоҳ дар кӯдакӣ ба обила гирифтор буда, вайро дармон кардааст.
Аз назари сиёсат низ воқеаҳои муҳимме дар асри Хайём рух дод, ки аз ҷумлаи онҳо суқути давлати Оли Буя, қиёми давлати Салҷуқӣ, ҷангҳои салибӣ ва зуҳури ботиниён аст. Хайём бештари умри худро дар шаҳри Нишопур гузаронд ва дар тайи даврони ҳаёти худ фақат ду бор аз Нишопур хориҷ шуд. Сафари аввал барои анҷом додани маросими ҳаҷ будааст.
Саранҷом ин донишманди бузург дар соли 510 хуршедӣ дар шаҳри Нишопур дори фониро видоъ мегӯяд. Мақбараи ӯ ҳамакнун дар шаҳри Нишопур дар боғе қарор гирифтааст.
Шинохти Хайём
«Дар оромгоҳи Умари Хайём» (Ҷей Ҳамбиҷ, тахм. 1911)
Ба далели шӯҳрати оламгири Ҳаким Умари Хайём, китобҳо, рисолаҳо ва мақолаҳои бисёре дар бораи вай ба таҳрир даромадааст, аммо дар ғолиби ин осор умдатан ба ҷанбаи шоирӣ ва рубоиёти ӯ пардохта шуда ва буъди фалсафӣ, каломӣ ва динии таълифоти ӯ мағфул монда ва ё ба сурати боиста мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор нагирифтааст.
Аз ин рӯ, Хайём дар рӯзгори мо, бештар ба унвони шоир ва рубоисаро шинохта шуда, то ҳаким ва файласуф ва донишманди динӣ, ҳол он ки вай дар асри хеш ба унвони файласуф ва мунаҷҷим ва риёзидон ва фақеҳ ва олими динӣ шинохта мешуд, на ба унвони шоир, чунонки лақаби Имом, Ҳаким, Ҳуҷҷатулҳақ ва ғайра, ки дар китобҳои муосирони Хайём дар бораи ӯ ба кор рафтааст, гувоҳи чунин иштиҳорест. Ҳам Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нависандаи китоби «Чаҳор мақола» — ки бино ба тасреҳи худаш, дар соли 506 ҳ.қ дар шаҳри Балх бо вай дидор доштааст — чунин алқоберо дар бораи вай ба кор мебарад ва ҳам Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ муаллифи «Татиммату савонил-ҳикма».
Бештари касоне, ки дар асри мо ба баҳсу пажӯҳиш дар бораи Хайём пардохтаанд, рубоиёти ӯро дар меҳвари таҳқиқот ва довариҳои худ қарор додаанд ва бидуни таваҷҷӯҳ ба осори дигари Хайём — ки дарбаргирандаи дидгоҳҳои фалсафӣ ва каломии ӯст — ба табйини муҳтаво ва дарунмояи рубоиёти вай бархостаанд. Ва ба ҳамин сабаб, афкореро ба вай нисбат додаанд, ки бо муҳтавои дигар осори бозмонда аз вай созгорӣ надорад.
Фаъолияти илмӣ
Риёзӣ
Хайём дар риёзиёт, улуми адабӣ, динӣ ва торихӣ устод буд. Нақши Хайём дар ҳалли муъодилоти дараҷаи сеюм ва мутолеоташ дар бораи асли панҷуми Иқлидус, номи ӯро ба унвони риёзидоне барҷаста дар торихи илм сабт кардааст; ба гунае ки дунёи риёзӣ мадюни таҳқиқот ва иктишофоти ин донишманд аст. Ибдоъи назарияе дар бораи нисбатҳои ҳамарз бо назарияи Иқлидус низ аз муҳимтарин корҳои ӯст.
Ситорашиносӣ
Ислоҳи гоҳшумори Эрон
Яке аз барҷастатарин корҳои Хайёмро метавон ислоҳи гоҳшумории Эрон дар замони вазорати Хоҷа Низомулмулк, ки дар давраи салтанати Маликшоҳи Салҷуқӣ буд донист. Тақвими имрӯзи эронӣ, ҳосили муҳосиботе аст, ки Хайём ва иддае аз донишмандони дигар анҷом доданд ва ба номи Ҷалолуддин Маликшоҳи Салқуқӣ, Тақвими Ҷалолӣ хонда мешавад.
Фалсафа
Торихнигорон ва донишмандони ҳамасри Хайём ва касоне ки пас аз ӯ омаданд, ҷумлагӣ бар устодии Хайём дар фалсафа эътироф кардаанд, то он ҷо ки гоҳ вайро ҳакими даврон ва Ибни Синои замон донистаанд. Осори фалсафии мавҷуди Хайём ба чанд рисолаи кӯтоҳ аммо амиқ ва пурбор маҳдуд мешавад ва охирин рисолаи фалсафии Хайём баёнкунандаи гароишҳои ирфонии ӯст.
Дигар донишҳои башарӣ
Истеъдоди шигарфи Хайём сабаб шуд, ки вай дар заминаҳои дигаре аз дониши башарӣ низ дастовардҳое дошта бошад. Аз вай рисолаҳои кӯтоҳе дар заминаҳое чун меконик (механика), ҳидрустотик (гидростатика), ҳавошиносӣ, назарияи мусиқӣ ва ғайра низ бар ҷой мондааст. Ахиран низ таҳқиқоте дар мавриди фаъолияти Хайём дар заминаи ҳандасаи тазйинӣ анҷом шудааст, ки иртиботи ӯро бо сохти гунбади шимолии Масҷиди ҷомеи Исфаҳон таъйид мекунад.
Хайёми шоир
Умари Хайём бо камоли таъассуф, беш аз он ки ҳамчун як ҳаким, файласуф ва риёзидон матраҳ бошад, ба унвони як шоир ва ба хотири рубоиёташ машҳур ва шинохташуда аст.
Тоза, рубоиёте, ки Ҳаким Хайём ба онҳо дар ҷомеаи мо шӯҳрат дорад, рубоиёте аст, ки бештар ба мазоқи «алкашҳо» ва пучгароён хуш меояд, то одамони дурусту ҳисобӣ, ва ба гуфтаи Эдворд ФитзҶеролд(англ.), «рубоиёти Хайём, Хайёмро барои хонанда чунон ҷилвагар мекунад, ки шаробхора ва шаҳватрон аст ва дар худпарастӣ ва шаҳавоти худ ғарқ аст, аз тақлид бар канор ва нисбат ба ахлоқи марсум нофармон, ва ҳадафи ниҳоии ӯ ҷалби сурур ва фурӯ рафтан дар лаззот аст. Ӯ монанди файласуфони дигар дар фикри он нест, ки ба нашри фазоил бикӯшад ва пояи ахлоқро устувор кунад. Афкори ӯ асосе надорад, аз суханони ӯ барои мардум фоидае оид намешавад, ақоиди ӯ мӯҷиби харобии низоми иҷтимоӣ аст, ва ба як сухан, Хайём шоир аст, вале файласуф нест.»
Дар бораи Хайёми шоир гуфтаанд, ӯ дар замони ҳаёташ ҳаргиз ба унвони шоир шинохта нашуда ва ҳатто сурудаҳояш дар замони ҳаёти вай маъруф набуда ва тадвин нашуда ва танҳо байни як даста аз дӯстони самимии ӯ шӯҳрат дошта ва пас аз маргаш мунташир шудааст. Ӯ ба ду забони порсӣ ва арабӣ шеър месуруда.
Рӯбоӣ
Теъдоди воқеии рубоиёти Хайёмро беш аз 100 рубоӣ намедонанд, ҳол он ки беш аз чанд ҳазор рубоӣ ба ӯ нисбат дода мешавад. Дар Тоҷикистон ҳам миқдори рубоии ӯро бештар аз сад, ҳатто, панҷсадто гуфтаанд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар мавриди Хайём нигаришҳои мухталифе дар байни муҳаққиқон вуҷуд дорад. Иддае калимоти ӯро куфромез дониста ва ё ӯро шаробхор пиндошта ва ба ашъори ӯ аз ҷиҳати тарғиб ба майхорагӣ нигариста ва ҳатто иддае ӯро беэътиқод ба мабдаъ ва маъод фарз кардаанд.
- Як ҷуръаи май мамлакати Чин арзад,
- Як қатраи май сад дилу сад дин арзад.
- Хуштар зи шароб дар ҷаҳон чист, бигӯ?
- Талхе, ки ҳазор ҷони ширин арзад.
Аммо шуморе аз Хайёмшиносон бар ин боваранд, ки рубоиҳое, ки ба Хайём нисбат дода мешаванд, аслан маълум нест, аз Хайём бошанд. Онон мӯътақиданд, ки рубоиёти илҳоқӣ бисёр дар тайи қурун ба рубоиёти асили Ҳакими Нишопурӣ пайвастаанд ва бисёре аз рубоигӯён ба далоиле чанд, аз ҷумла бим аз авзоъи сиёсӣ, надоштани шаҳомати кофӣ барои баёни ақоиди хеш ва ё ба манзури бархӯрдорӣ аз шӯҳрати Хайём ва тарвиҷи сурудаҳои хеш дар сояи ин шӯҳрати оламгир, сурудаҳояшонро ба ӯ мансуб кардаанд.
Ба ҳамин хотир аст, ки камтар шахсиятеро метавон ёфт, ки чун Хайёми Нишопурӣ дар миёни ду изҳори назарҳои мутаноқиз гирифтор омада бошад. Гурӯҳе Хайёмро кофир ва мулҳид, ва гурӯҳе сӯфӣ ва зоҳид гуфтаанд.
Аммо ба назар мерасад ҳақиқат дар мавриди Хайём ҳамон аст, ки Устод Аллома Ҷаъфарӣ мегӯяд. Ӯ, Хайёмро мутакаллиме мӯътақид ба мабонии дин медонад ва бо ишора ба алқоб ва ановини пуразамате назири Ҳаким, Хоҷа, Имом, Ҳуҷҷатул-ҳақ, Шайхул-Имом, Ашшайхул-Аҷалл, Аллома ва ғайра, ки муосирони Хайём дар бораи вай ба кор бурдаанд, мегӯяд: «Итлоқи чунин алқобе ба касе ки мубаллиғи пучгаройӣ ва мӯътақид ба лаззатпарастӣ бошад, на бо мавозини фарҳанги рӯзгори ӯ созгор аст ва на метавонад қобили тавҷеҳ бошад.»
Дастхатҳои рубоиёти Умари Хайём дар китобхонаи Бодлеяни Донишгоҳи Оксфорд, ки соли 1460 сабти ном шудааст, маҳфуз мебошад.
Тарҷумаҳои рубоиёти Хайём
Зиёда аз нуҳсад сол мешавад, ки ному осор ва фалсафаи Умари Хайём диққати ҷаҳониёнро ба худ мекашад. Метавон як силсила алоқамандони тарҷума ва таҳқиқи осори Умари Хайёмро бо муҳаббат ном бурд, ки онҳо умри хеш сарфи омузиши зиндагинома ва рубоиёти Умари Хайём гардонидаанд. Ба монанди К. Балмонт, И. Тхоржевский, Л. Некора, О. Румер, А. Старостин, С. Липкин, М. Ватагин,Т. Спендиарова, Г. Плисетский, Г. Семёнов, Н. Стрежков, В. Зайтсев, С. Бону, К. Арсенева, Д. Седих, В. Микрюков, А. Ревич, В. Державин, М. Синелников, Н. Орлова, А. Кушнев, А. Шербаков, И. Селвинский, Л. Пенковский ва даҳҳо дигарон. Соли 2007 тарҷумаи сад рубоии Умари Хайём дар баргардони Валерий Ярмак нашр шуд. Ин дастпарвари Донишгоҳи Швейсария (шаҳри Сюрих), донандаи чандин забонҳои дунё, аз ҷумла тоҷикӣ ва корманди Кумитаи байналмилалии Ҳилоли Аҳмар (Женева) барои санҷиши қалам ва сайқали фикр ба тарҷумаи рубоиёти Умари Хайём аз забони тоҷикӣ ба русӣ пардохт.
- Намунае аз тарҷума ба забони русӣ
- Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
- Гарданда фалак бар сари коре будаст.
- Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
- К-он мардумаки чашми нигоре будаст.
- До нас сменялись дни и ночи чередой,
- Светил вращенью и не грезился покой.
- Будь осторожен и ступай на землю мягко,
- Ведь это — прах красавиц под твоей ногой!
Сарчашма: Википедия бо забони тоҷикӣ
donishkhona.tj
Умари Хайём (1048 -1131) | MAKTAB.TJ:
Гар бар фалакам даст буди чун Яздон, Бардоштаме ман ин фалакро зи миён. В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме, К-озода ба коми дил расидӣ осон.
Аз рӯи толеъномаи Умари Хайём ҳисоб карда шудааст, ки ӯ 18 майи соли 1048 дар шаҳри Нишопур таваллуд шудааст. Нишопур яке аз шаҳрҳои асосии санъати Эрон буда, дар вилояти Хуросон ҷойгир шудааст. Солҳои кӯдакӣ ва наврасии Умари Хайём дар Нишопур гузаштааст. Умари Хайём аввал дар мадрасаи Нишопур, ки дар он вақт шӯҳрати калон дошт, машғули илм гашта ва баъдан таҳсили худро дар Балх, Самарқанд ва Бухоро давом додааст.
Умари Хайём илмҳои дақиқ аз ҷумла алҷабр, ҳандаса, ҳайъат, астрономия ва фалсафаро ба хубӣ омӯхтааст. Қуръон, таьрих, хуқуқшиносӣ ва ғайраҳоро аз бар намуда, забони арабӣ ва адабиёти арабиро ба хубӣ медонист. Маҳорати шеьрнависии баланд дошт. Умари Хайём астрология ва тибро низ омӯхта, аз нозукиҳои санъати мусиқӣ низ огаҳӣ доштааст. Ӯ асарҳои файласуфони қадими Архимед, Евклид, Аристотелро ба забони арабӣ тарҷума намудааст.
Хайём Қуръонро на фақат аз ёд медонист, балки ҳар як ояти онро эзоҳ дода метавонист.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ӯ дар соҳаи такмил ва ривоҷи масъалаҳои математикӣ зоҳир мешавад. Ихтирои аввалини ӯ дар 25 солаги сурат гирифта буд. Дастоварди илмиаш «Трактат» дар бораи илми алҷабр ва алмуқабала, ки дар Самарқанд таълиф намуда буд, номи Умари Хайёмро ҳамчун олим шӯҳрат бахшид.
Фаъолияти илмии Умари Хайём дар Бухоро (дар дарбори шаҳзодаи Хокон Шамс Алмулк) оғоз меёбад. Соли 1074 Умари Хайём ба дарбори шоҳ Малик, ки дар шаҳри Исфаҳон аст, даъват карда шуда буд.
Умари Хайёмро барои идора кардани обсерваторияи дарбор даъват карда буданд. Дар давоми 5 сол Умари Хайём бо ҳамроҳии олимони дарбор дар обсерватория назорат бурданд ва моҳи марти соли 1079 тақвими нав ихтироъ карданд, ки аз тақвими пешина 7 сония аниқтар буд.
Дар Исфаҳон дар дарбори шоҳ Малик, Умари Хайём бо математика шуғл меварзид. Дар охири соли 1077 рисолаи илмиашро аз геометрия ба охир расонд. Соли 1080 аввалин рисолаи фалсафии Умари Хайём доир ба моҳияти умр ва ҳаёт таълиф гардид.
Соли 1092 баъди фавти шоҳ Малик лаҳзаҳои осоиштаи умри Умари Хайём ҳам ба охир расид.
Дар дарбори Турканхотун зани шоҳ Малик, Умари Хайём ягон дастгирӣ намедид. Обсерватория пӯшида шуд. Пойтахти давлат аз Хуросон ба шаҳри Марв кӯчонида шуд. Умари Хайём ба Нишопур баргашт ва дар он ҷо то охири умри худ зиндагонӣ кард. Хайём дар мадрасаи Нишопур машғули мударриси гардид. Дар он ҷо ҳам корҳои илмии худро давом дода, Рисола «Дар бораи санъати муайян кардани миқдори тилло ва нуқра дар моеъҳо»-ро навиштааст. Солҳои охири ҳаёти Умари Хайём бисёр ҳам вазнин буданд. Умари Хаём на танҳо чун олим ва файласуфи тавоно, балки ҳамчун шоири озодандеш ва дақиқбаён дар миёни мардум ва аҳли сухан шӯҳрат ёфта буд.
Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Умари Хайём дар пиронсолагӣ ба зиёрати Маккаву Мадина мушарраф гаштааст. Баъди бозгашт аз Ҳаҷ дар яке аз деҳаҳои Нишопур ҷой гирифта, то охири умр он ҷо мондааст.
Аз рӯи маълумоти маъҳазҳои адабии асрҳои миёна Умари Хайём оиладор набуда, фарзанд надоштааст. Хайём зиндагии фақирона гузаронида, чоруми декабри соли 1131 аз олам чашм мепушад.
Ҳоло марқади Умари Хайём аз зеботарин мавзеъҳо дар Нишопур ба ҳисоб рафта, зиёратгоҳи аҳли хунар ва дӯстдорону алоқамандони шеъри порси ва каломи мавзун мебошад. Дар сари қабри шоир мақбарае барҷост, ки ҳамеша гулафшону озода аст.
Рубоиҳои зебои Умари Хайём
Афсус ки номаи ҷавони тай шуд
Вон тоза баҳори зиндагои ди шуд
Вон мурғи тараб ки номи ӯ буд шабоб
Фарёд надонам кай омаду кай шуд
Як умр ба кудаки ба устод шудем
Як умр зи устодии худ шод шудем
Афсус надонем ки моро чи расид
Аз хок баромадему бар бод шудем
Дар коргаҳи кузагаре будам душ
Дидам ду ҳазор куза гуёву хамуш
Ҳар як ба забони ҳол бо ман гуфтанд
Ку кузагару кузахару куза фуруш
Асрори азалиро на ту дониву на ман
Вин ҳарфи муаммо на ту дониву на ман
Ҳаст аз паси парда гуфтугуи туву ман
Чун парда барафтад на ту мониву на ман
Шайхе ба зани фоҳиша гуфто масти
Ҳар лаҳза ба доми дигаре по басти
Гуфто шайхо ҳар ончи гуи ҳастам
Оё ту чунон ки менамои ҳасти
Он ба ки дар ин замона кам гири дуст
Бо аҳли замона суҳбат аз дур накуст
Он кас ки ба ҷумаги туро такя бар ӯст
Чун чашми хирад боз куни душмани туст
Дар ҳар даште ки лола зоре буда аст
Он лола зи хуни шаҳриёре буда аст
Чу барги бунафша каз замин меруяд
Холест ки бар рухи нигоре буда аст
Чун об ба ҷуйбору чун бод ба дашт
Рӯзи дигар аз навбати умрам бугзашт
Ҳаргиз 0ами ду рӯз маро ёд нагашт
Рӯзе ки наёмадасту рӯзе ки гузашт
Эй дил зи замона расми эҳсон маталаб
Ваз гардиши даврон сару сомон маталаб
Дармон талаби дарди ту афзун гардад
Бо дард бисозу ҳеҷ дармон маталаб
То кай ғами он хурам ки дорам ё не
Вин умр ба хушдиди гузорам ё не
Пур кун қадаҳи бода ки маълумам нест
Кин дам ки фуру барам барорам ё не
Аз манзили куфр то ба дин як қадам аст
Ваз олами шак то яқин як нафас аст
Ин як нафаси азизро хуш медор
Каз ҳосили умри мо ҳамин як нафас аст
Некиву бади ки дар ниҳоди башар аст
Шодиву ғами ки дар қазову қадар аст
Бо чарх макун ҳавола кандар раҳи ақл
Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст
Соқи, гулу сабза бас тарабнок шудаст
Дарёб ки ҳафтаи дигар хок шудаст
Май нушу гуле бичин ки то дарнигари
Гул хок шудасту сабза хошок шудаст
Афсус ки сармоя зи каф берун шуд
Дар пойи аҷал басе ҷигарҳо хун шуд
Кас номад аз он ҷаҳон пурсам аз вай
Каҳволи мусофирони дунё чун шуд
Умрат то кай ба худпарасти гузарад
Ёдар пайи нестиву масти гузарад
Май хур ки чунин умр ки ғам дар пайи ӯст
Он беҳ ки ба хоб ё ба масти гузарад
Эй бас ки набошему ҷаҳон хоҳад буд
Не ном зи мову не нишон хоҳад буд
Зин пеш набудему набуд ҳеҷ халал
Зин пас чу набошем ҳамон хоҳад буд
Дидам ба сари иморате марде фард
Ку гил билагад мезаду хораш мекард
Вон гил бо забони ҳол бо ӯ мегуфт
Сокин, ки чун ман басе лагад хоҳи кард
Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад
Дарёб даме ки бо тараб мегузарад
Соқи ғами фардои ҳарифон чи хури
Пеш ор пиёларо ки шаб мегузарад
Як қатраи об буду бо дарё шуд
Як зарраи хоку бо замин якто шуд
Омад шудани ту андарин олам чист?
Омад магасе падиду нопайдо шуд
Аз ҷумлаи рафтагон ин роҳи дароз
Боз омадаи ку ки ба мо гуяд боз
Ҳон бар сари ин ду роҳа аз сӯи ниёз
Чизе нагзори ки намеои боз
Эй соҳиби фатво зи ту парҳезкортарем
Бо ин ҳама масти зи ту ҳушёртарем
Ту хуни касон хуриву мо хуни разон
Инсоф бидеҳ кадом хунхортарем?
Бархезу махур ғами ҷаҳони гузарон
Хуш бошу даме ба шодмони гузарон
Дар табъи ҷаҳон агар вафое буди
Навбат ба ту худ наёмади аз дигарон
Дар коргаҳи кузагаре кардам рой
Бар пиллаи чарх дидам устод ба пой
Мекард далери кузаро даставу сар
Аз каллаи подшоҳу аз дасти гадой
Ҳангоми сапеда дам хуруси саҳари
Дони ки чаро ҳаме кунад навҳагари
Яъне ки намуданд дари оинаи субҳ
Каз умр шабе гузашту ту бехабарӣ
www.maktab.tj
| Умари Хайём | Манобеи исломӣ
Аз рӯи толеъномаи Умари Хайём ҳисоб карда шудааст, ки ӯ 18 майи соли 1048 дар шаҳри Нишопур таваллуд шудааст. Нишопур яке аз шаҳрҳои асосии санъатии Эрон буда, дар вилояти Хуросон ҷойгир шудааст. Солҳои кӯдакӣ ва наврасии Умари Хайём дар Нишопур гузаштааст. Умари Хайём аввал дар мадрасаи Нишопур, ки дар он вақт шӯҳрати калон дошт, машғули илм гашта ва баъдан таҳсили худро дар Балх, Самарқанд ва Бухоро давом додааст.
Умари Хайём илмҳои дақиқ аз ҷумла алҷабр, ҳандаса, ҳайъат, астрономия ва фалсафаро ба хубӣ омӯхтааст. Қуръон, таьрих, хуқуқшиносӣ ва ғайраҳоро аз бар намуда, забони арабӣ ва адабиёти арабиро ба хубӣ медонист. Маҳорати шеьрнависии баланд дошт. Умари Хайём астрология ва тибро низ омӯхта, аз нозукиҳои санъати мусиқӣ низ огаҳӣ доштааст. Ӯ асарҳои файласуфони қадими Архимед, Евклид, Аристотелро ба забони арабӣ тарҷума намудааст.
Хайём Қуръонро на фақат аз ёд медонист, балки ҳар як ояти онро эзоҳ дода метавонист.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ӯ дар соҳаи такмил ва ривоҷи масъалаҳои математикӣ зоҳир мешавад. Ихтирои аввалини ӯ дар 25 солаги сурат гирифта буд. Дастоварди илмиаш «Трактат» дар бораи илми алҷабр ва алмуқабала, ки дар Самарқанд таълиф намуда буд, номи Умари Хайёмро ҳамчун олим шӯҳрат бахшид.
Фаъолияти илмии Умари Хайём дар Бухоро (дар дарбори шаҳзодаи Хокон Шамс Алмулк) оғоз меёбад. Соли 1074 Умари Хайём ба дарбори шоҳ Малик, ки дар шаҳри Исфаҳон аст, даъват карда шуда буд.
Умари Хайёмро барои идора кардани обсерваторияи дарбор даъват карда буданд. Дар давоми 5 сол Умари Хайём бо ҳамроҳии олимони дарбор дар обсерватория назорат бурданд ва моҳи марти соли 1079 тақвими нав ихтироъ карданд, ки аз тақвими пешина 7 сония аниқтар буд.
Дар Исфаҳон дар дарбори шоҳ Малик, Умари Хайём бо математика шуғл меварзид. Дар охири соли 1077 рисолаи илмиашро аз геометрия ба охир расонд. Соли 1080 аввалин рисолаи фалсафии Умари Хайём доир ба моҳияти умр ва ҳаёт таълиф гардид.
Соли 1092 баъди фавти шоҳ Малик лаҳзаҳои осоиштаи умри Умари Хайём ҳам ба охир расид.
Дар дарбори Турканхотун зани шоҳ Малик, Умари Хайём ягон дастгирӣ намедид. Обсерватория пӯшида шуд. Пойтахти давлат аз Хуросон ба шаҳри Марв кӯчонида шуд. Умари Хайём ба Нишопур баргашт ва дар он ҷо то охири умри худ зиндагонӣ кард. Хайём дар мадрасаи Нишопур машғули мударриси гардид. Дар он ҷо ҳам корҳои илмии худро давом дода, Рисола «Дар бораи санъати муайян кардани миқдори тилло ва нуқра дар моеъҳо»-ро навиштааст. Солҳои охири ҳаёти Умари Хайём бисёр ҳам вазнин буданд. Умари Хаём на танҳо чун олим ва файласуфи тавоно, балки ҳамчун шоири озодандеш ва дақиқбаён дар миёни мардум ва аҳли сухан шӯҳрат ёфта буд.
Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Умари Хайём дар пиронсолагӣ ба зиёрати Маккаву Мадина мушарраф гаштааст. Баъди бозгашт аз Ҳаҷ дар яке аз деҳаҳои Нишопур ҷой гирифта, то охири умр он ҷо мондааст.
Аз рӯи маълумоти маъҳазҳои адабии асрҳои миёна Умари Хайём оиладор набуда, фарзанд надоштааст. Хайём зиндагии фақирона гузаронида, чоруми декабри соли 1131 аз олам чашм мепушад.
Ҳоло марқади Умари Хайём аз зеботарин мавзеъҳо дар Нишопур ба ҳисоб рафта, зиёратгоҳи аҳли хунар ва дӯстдорону алоқамандони шеъри порси ва каломи мавзун мебошад. Дар сари қабри шоир мақбарае барҷост, ки ҳамеша гулафшону озода аст.
Гар бар фалакам даст буди чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.
Tojikon.org
www.tj.islamic-sources.com
Умари Хайём — Рубоиёт-1 — Шеърҳои тоҷикӣ: ошиқӣ, модар, ватан, рубоиёт, панд, ғазал, ҳикоя, ривоят..
Дунё на мақоместу на чои чишаст,
Фарзона дар у хароб авлотару маст,
Бар оташи ғам зи бода обе мезан,
З-он пеш, ки дар хок рави бод ба даст.
89
Давре, ки дар у омадану рафтани мост,
Онро на бидоят на ниҳоят пайдост,
Касс ҳеч нагуфта андар ин маъни рост,
К-ин омадан аз кучову рафтан ба кучо.
90
Даврони чаҳон бе маю соқи ҳеч аст,
Бе замзамаи нойи ироқи ҳеч аст.
Ҳарчанд дар аҳволи чаҳон менигарам,
Ҳосил ҳама ишрат аст, боқи ҳеч аст.
91.
92
Роз аз ҳама нокасон ниҳон бояд дошт,
В-асрор ниҳон зи аблаҳон бояд дошт.
Бингар, ки чи мекуни ту бо халқи худой,
Чашм аз ҳама мардумон ҳамон бояд дошт.
93
З-и сақф бурун равоқу даҳлезе нест,
Чуз бо ману ту ақливу тамйизе нест.
Ҳар чиз, ки ваҳм кардаи, к-он чизест,
Хуш бигзар аз он хаёл, к-он чизе нест.
94
Заҳр аст ғами чаҳону май тарекат,
Тарёк хури, зи заҳр набувад бокат.
Бо сабзхатон ба сабзазоре май хур,
З-он пеш, ки сабза бардамат аз хокат.
95
Соқи дили ман зи даст агар хоҳад рафт,
Дарёб кучо зи худ бадар хоҳад рафт ?
Суфи, ки чу зарфи танг пур зи чаҳл аст,
Як чуръа агар хурад ба сар хоҳад рафт.
96
Соқи, ки ғами ман баландовоза шудаст,
Сармастии ман бурун зи андоза шудааст.
Бо муи сафед сархуштам, к-аз ҳати ту,
Пиронасам баҳори дил тоза шудаст.
97
Соқи, гулу сабза бас тарабнок шудаст,
Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст.
Май нушу гуле бичин, ки то дарнигари,
Гул хок шудаасту сабза ҳам пок шудаст.
98
Соқи, қадаҳе, ки кори олам нафасест,
Гар шоди аз у як нафас, он низ басест.
Хуш бош ба ҳар чи пешат ояд, ки чаҳон,
Харгиз нашавад чунон ки дилхоҳи касест.
99
Сим арчи на мояи хирадмандон аст,
Бесимонро боғи чаҳон зиндон аст.
Аз дасти тиҳи бунафша сар бар зонуст,
Дар қисаи зар даҳони гул хандон аст.
100
Шоди маталаб, ки ҳосил умр дамест,
Хар зарра зи хоки Кайкубодеву чамест.
Аҳволи чаҳону мулки гети яксар,
Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.
101
Саҳро руҳи худ ба абри навруз бишуст,
Бархез ба чоми бода кун аҳд дуруст.
Бо сабзхате ба сабзазоре май хур.
Бар ёди касе, ки сабза аз хокаш руст.
102
Сад хона зи хубони дилам вайрон аст,
В-аз гиряи зор бими садчандон аст,
Аз ҳар мижа новадони хун аст равон,
Гар ман мижаро ба ҳам занам, туфон аст.
103
Ишқ арчи балост, он бало ҳукми худост,
Бар ҳукми худо маломати халқ чарост?
В-ар неку бади банда ба тақдири худост,
Пас рузи пасин ҳисоб бар банда чарост.
104
Умрест, ки маддоҳии май вирди ман аст.
Асбоби май аст, ҳар чи дар гириди ман аст,
Зоҳид, агар устоди ту ақл аст, ин чо.
Хуш бош, ки устоди ту шогирди ман аст.
sherho.ortgk.ru